Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш зимни як суханрониаш дар Пекин рӯзи шанбе гуфт, ки вай аз вазъи Осетияи Ҷанубӣ "амиқан нигарон" буда ба оташбаси билофосила даъват кард. Вай инчунин ба Русия муроҷит кард ва чунин ёдовар шуд:
"Гурҷистон як давлати мустақил аст ва ба тамомияти арзии он арҷ бояд гузошт. Мо хатми билофосилаи хушунатҳоро тақозо карда берун шудани ҳама нирӯҳоро талаб дорем. Мо Русияро ба хатми бомборонҳо даъват намуда тақозо дорем, ки вазъ дар минтақа ба ҳолате, ки пеш аз 6 август ҳукмфармо буд, баргардонида шавад".
Буш гуфт, ки ИМА бо дигараш ҳамкоронаш роҳҳои ташкили миёнҷигии байналмилалиро андеша дорад.