Вазорати умури дохилаи Ироқ имрӯз гуфт, кормандони пулис се занеро боздошт карданд, ки мехостанд, бомбгузории интиҳорӣ анҷом диҳанд. Сухангӯи вазорат, генерал Абдулкарим Халаф гуфт, он се занро дар шаҳри Ал-Саъада воқеъ дар шимоли Бақуба, маркази вилояти ноороми Диёла дастгир карданд. Нерӯҳои Амрикову Ироқ моҳи гузашта дар ин вилоят амалиёти васеъеро ба зидди тундравон оғоз карданд.