Дар Русия теъдоди ҷиноёт бар асари адовати қавмӣ афзоиш ёфтааст ва ба ин, аз ҷумла, суханрониҳои миллатгароёнаи бархе аз сиёсатмадорони кишвар мусоидат мекунад. Дар ин бора Галина Кожевникова, муовини раиси Маркази иттиллоти таҳлилии “Сова”, мақараш дар Маскав дар нишасти Кумитаи алайҳи азбайн бурдани адовати қавмии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз сӯи миллатгароҳои рус 85 тан аз афроди ғайриславянӣ кушта шудаанд ва аммо фақат аз рӯи 24 парванда гунаҳкорон муҷозот шудаанду халос. Тайи шаш моҳи соли равон, ба гуфтаи хонум Кожевникова, бар пояи адовати қавмӣ аллакай 60 нафар ба ҳалокат расиданд.