Дар як ҳарҷу марҷ дар ибодатгоҳи Ҳиндустон ба камияш 68 нафар, аз ҷумла кӯдакон, зери по монда ба ҳалокат расидаанд. Полис мегӯяд, ҳодиса дар ибодатгоҳи Шимла дар шимоли Ҳиндустон дар ҷараёни як маросими мазҳабӣ иттифоқ афтод. Ҳодисаҳои ҳамсон дар ибодатхонаҳои Ҳиндустон ҳар сол чанд дафъа рӯй дода, даҳҳо нафар бар асари онҳо кушта мешаванд.