Миёнаравии Сурия дар баҳси ҳастаии Эрон

Президенти Сурия, Башор ал-Асад, дар Теҳрон бо сарони ҷумҳурии исломӣ бӯҳрони ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад.
Нақшаи сафари Асад ба Теҳрон ҳанӯз дар ҷараёни мулоқоти ӯ бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ дар дидори сарони кишварҳои ҳошияи Мадитарона ё Баҳри Миёназамин пайрезӣ шуда буд.

Сурия ва Эрон ҳампаймонҳои хос дар минтақаанд, аммо доктор Довуди Ҳермидоспованд, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ дар Теҳрон мегӯяд, ба таъсири нақши Сурия дар бӯҳрони ҳастаии Эрон шубҳа дорад.

Ҳамзамон доктор Довуд афзуд, агар Теҳрон тасмим муайяне гирифта бошад, сафари Асад баҳонае барои баёни он хоҳад гашт. Аммо имрӯз Теҳрон Иёлоти Муттаҳидаро ба думболи созиши он дар бобати табодули сӯхт ва фанноварии ҳастаӣ бо Ҳинд айбдор кард, ки дар масъалаҳои ҳастаӣ аз бархӯрди дугона кор мегирад.

Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, ниҳоде аз СММ, тасмим гирифт, иншооти ҳастаии Ҳиндро бозрасӣ кунад, ки бе ин иҷрои созиши он бо Амрико номумкин хоҳад буд. Раиси бунгоҳи ҳастаӣ, Муҳаммад Ал Барадеӣ руӯзи ҷумъа ин тасмимро эълом дошт.

Вай гуфт: "Табиати чатргунаи созишнома фишангҳои қавитареро таъмин мекунад, ки расидагӣ ба ҳамаи талаботро замонат диҳад. Он ниёзҳои Ҳиндро ҳам бароварда месозад ва талаботи ҳуқуқии бунгоҳро низ тақвият мебахшад."

Созиши ахири ҳастаии Ҳинд ва Амрико нороҳатии Покистонро низ ба вуҷуд овардааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ин созиш дар конгресси Амрико ба тасдиқ хоҳад расид ё на.

Дар тафовут бо Эрон, Ҳинд кишварест, ки ба Созишномаи адами густариши силоҳи ҳастаӣ имзо накардааст. Намояндаи Эрон дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Алиасғари Султония Иёлоти Муттаҳидаро дар нақзи равон ва ҳарфи созишномаи мазкур айбдор кард.

Ин иҳзорот дар ҳоле садо дод, ки мӯҳлати ғайрирасмии посухи Эрон ба пешниҳодҳои шашгонаи байнулмилал дар мавриди барномаи ҳастаии Теҳрон ба поён расид. Намояндаи Иттиҳоди Аврупо ин хабарро тасдиқ кард.

Рӯзи 19-уми июл панҷ давлати узви доимии Шӯрои Амният бастаи нави додуситад бо Эронро ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод карданд ва изҳор доштанд, ки дар ду ҳафтаи оянда ба онҳо посух дода шавад. Вале намояндаи Иттиҳоди Аврупо ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, муаллифони пешниҳод метавонанд, як-ду рӯзи дигар низ сабр кард.

Дар сурати радди пешниҳодҳои Ғарб ба Эрон таҳримҳои нав таҳдид хоҳад кард.