Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нимароҳи қонунҳои шариат


Аксари эрониҳо, мисриҳо ва туркҳое, ки ба нақши муҳими шариат дар ҷомеаи худ бовар доранд, мегӯянд, қонунҳои он аз ҳаққи зан ҳимоят карда, худсариҳои ҳукуматдорон ва фасодро дар ҷомеа коҳиш медиҳад.


Аммо дар чанд мавриди дигар назари эрониҳо, туркҳо ва мисриҳо ба татбиқи шариат аз ҳам фарқ мекунанд. Ин натиҷаҳоро бахши нави назарсанҷии Бунёди Геллап ошкор кардааст. Дар бахши аввали он сухан куллан аз муносибат ба шариат ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ мерафт. Ин бор муҳаққиқон талош кардаанд, пажӯҳишҳои амиқтаре анҷом бидиҳанд.

Зиёда аз 90 дарсади пурсидашудагон дар Эрон ва Миср ба қонунҳои шариат арҷ мегузоранд.

Натиҷаҳои назарсанҷии нав дар ҳоле нашр мешаванд, ки қавонини шариат дар кишварҳои гуногун дар пайванд бо ҳодисаҳои мухталиф ёдрас мешаванд. Чунончи, дар Эрон ҳашт зани аз 27 то 43-сола ҷазои қатл аз тариқи сангсорро гирифтаанд. Таври маълум, додгустари олии ин кишвар Оятуллоҳ Шоҳрӯдӣ аз соли 2002 ба иҷрои ҳукми сангсор таҳрим гузоштааст. Аммо судури чунин ҳукм ҷаҳониёнро ба ҳайрат меорад.

Дар Малайзиё, 16 нафари аз 20 то 30-сола барои пӯшидани либоси ҷинси муқобил боздошт шуда, интизори ҳукми додгоҳи шариатанд, яъне мардони занҷома ва занони мардҷома.

Ва раҳбари ҳизби мухолифи Бритониё, ҳизби муҳофизакор, ки имкон дорад, рӯзе сарвазири ин кишвар шавад, Дейвид Камерун, гуфт, барои ҷазои дуздии дучарха ё велосипед дар Бритониё қонуни шариатро ҷорӣ мекунад. Вай дертар шарҳ дод, ки шӯхӣ кардааст, махсусан баъд аз он ки дар беруни як фурӯшгоҳ дучархаи ӯро ба истиснои саллаи пешаш рабудаанд.

Аммо шӯхӣ ба шӯхӣ, аксари пурсидашудагон дар Эрон ва Миср (то 91 дарсад) ва 74 дарсад дар Туркия гуфтаанд, шариати исломӣ бояд дар адлияи кишварашон нақш дошта бошад. 97 дарсади эрониҳо шариатро ҳомии ҳуқуқи зан номидаанд. Эрониҳо, мисриҳо ва туркҳо (аз 63 то 96 дарсад) бар инанд, ки шариат низоми адлияи кишвари онҳоро тақвият дода метавонад. 77 дарсади эрониҳо ва 70 дарсади туркҳо гуфтаанд, ҷорӣ шудани шариат фасоду ришватро коҳиш медиҳад.

Дар ҳоле ки аксари мисриҳо шариатро ягона манбаъи ҳатмии қонунгузорӣ мешуморанд, танҳо 7 дарсади туркҳо аз ин ақида пуштибронӣ кардаанд. Ва дар ҳоле аксари мисриҳо аз таъсири шариат ба пешрафти илму фан ҳарф мезананд, шумори ками эрониҳо ин нуктаро дуруст медонад. Бо вуҷуди ин тафовутҳо намояндагони ҳар се кишвар ғолибан бар инанд, ки шариати исломӣ ба худсарӣ ва ноҳаққии ҳокимон маҳдудият мегузорад.

Зимнан дар Тоҷикистон низ ақидае мавҷуд аст, ки ворид шудани меъёрҳои шариат метавонад ба коҳиши фасод ва таҳкими адл роҳ кушояд.

Собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ин андеша ва натиҷаҳои назарсанҷии Бунёди Геллап мегӯяд: "Бисмиллоҳи раҳмони раҳим Чуноне ки назарсанҷӣ нишон додааст, дар Эрону Мисру Туркия аксарияти мардум тарафдори татбиқи қонунҳои шариат дар ҷомеъаҳои худ ҳастанд. Ман ҳам тарафдори инам, ки дар кишварҳои аксарияти кулли ҷомеъашон мусулмон аз ин қонунҳо кор гирифта шавад. Ин чӣ фоида дорад? Масалан, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қонун мавриди эҳтироми мардум нест. Мавриди тарс ҳаст, аммо на эҳтироми содиқона, зеро мардум медонад, ки инҳо қонунҳои Худованд нестанд. Мардуми ин кишварҳо, ҳарчанд дар давраи шӯравӣ донишҳои садсолаи маҳзабии худро аз даст доданд ва имрӯз ҳам чандон имконияти дастрасӣ ба ин улумро надоранд, бо вуҷуди ин мусулмонзодаанд ва бартарии қавонини динии худро медонанд. Хуб аст, агар барои намуна ва дар оғози кор қонунҳои аҳволи шахс, мисли никоҳ, талоқ ва мерос ба қонунгузории адлия ворид карда шаванд. Тарс аз қонун танҳо ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки одамон барои ба даст наафтоданд талош мекунанд. Қонунро бароҳат нақз мекунанд, аммо талоши онҳо танҳо ба ин аст, ки дастгир нашаванд ва дар натиҷа аз қонуншинкании худ азоби рӯҳӣ ва виждонӣ намекашанд."

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ҳарчанд эътироф мекунад, ки руҷӯъи мардум ба шариат ва ақидаи инки шояд қонунҳои шариат вазъи ҷомеаро беҳтар кунанд, аз мушкилоти мавҷудаи кишварҳои муайян маншаъ мегирад ва тафовути ақидаҳо дар Туркия, Эрон ва Миср бештар ба ҳамин омил бастагӣ дорад. Аммо мегӯяд: "Ман гумон надорам, ки ҷорӣ кардани қонунҳои шариат сабаби коҳиши фасод ва қонуншиканиҳо мегардад. Мушкилоти Тоҷикистон ин аст, ки мо то як андоза қонунҳо дорем, вале онҳо иҷро намешаванд. Ба иллати ин шахспарастӣ, яккаҳизбӣ ва заъиф будани порлумон дар низоми ҳокимият, набуди танқид ва афзоиши маддоҳӣ боиси рӯ задани монеъаҳо дар пешрафти Тоҷикистон шудааст."

Дар хулосаи назарсанҷии Бунёди Геллап ишора мешавад, ки муносибати мусбат ва манфии ширкаткунандагони он дар Эрон, Туркия ва Миср имкон дорад ормон ва интизориҳои аҳолии ин кишварҳо ва авзоъи мутафовити онҳоро ифода кунад.

Бо вуҷуди он ки назарсанҷон натавонистаанд, дар ин кишварҳои бархе аз пурсишҳои ҳассосро дар миён гузоранд, ба сурати куллӣ нуктаи мобайние ба мушоҳида расидааст, ки аксарият худро тарафдори пайванди муносиб ва ҳамоҳанги қонунгузории дунявӣ ва дастурҳои шариат донистаанд.

XS
SM
MD
LG