Президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев, барои даври дувуми раёсатҷумҳурӣ номзади интихоботи президентии моҳи октябр шуд. Вай аз октябри соли 2003, пас аз марги падараш, президент Ҳайдар Алиев ба мақоми президенти кишвар расид. Дар изҳороташ, ки имрӯз нашр шуд, Илҳом Алиев ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзияш дар интихобот, аз манофеъи миллии Озарбойҷон дифоъ хоҳад кард.