Президенти ИМА Ҷорҷ Буш эълон кард, ки муддати хидмати сарбозони амрикоӣ дар Ироқ кӯтоҳтар мешавад. Ба қавли президенти ИМА сар аз фардо даври хидмати сарбозони амрикоӣ дар Ироқ 12 моҳ муқаррар шудааст. Вале сарбозоне, ки аз он пеш вориди Ироқ шудаанд, ҳамоно 15 моҳ ифои вазифа хоҳанд кард. Дар Вашингтон раисҷумҳури Амрико гуфт, оромии умумӣ дар Ироқ имкон медиҳад, ки баъзе водиҳои низомӣ ба ҷои ширкат дар набардҳо бо тамрини сарбозони Ироқ машғул шаванд.