Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳукумат тақозо кардааст, то иҷоза диҳад, ки интиқоли барқ ба хонаҳои мардум аз моҳи оянда маҳдуд шавад. Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли Уғулой Хоҷаева - муовини раиси "Барқи Тоҷик" навиштааст, ки ширкат мехоҳад, ба хотири ҳифзи об дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии Норак ва истифодаи он дар моҳҳои баъдӣ, аз моҳи оянда маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ҷорӣ кунад. Ширкат ҳоло мунтазири посухи ҳукумат будааст ва дар сурати ризоият, аҳолии Тоҷикистон аз моҳи оянда дар соатҳои муайян бо нерӯи барқ таъмин хоҳад шуд.