Борону обхезиҳои моҳи равон сарбанди Саразм, воқеъ дар рӯди Зарафшон ва ҳамчунон даҳҳо ҳектар замини кишти сокинони деҳаи Саразми ноҳияи Панҷакентро тахриб намудаанд. Фахриддин Тилавов раиси идораи кишоварзии Панҷакент дар ин бора мегӯяд:
"Дарозии сарбанд 60 метр мебошад. Мо ҳисобу китоб кардем, ки агар дар оянда сарбандро мустаҳкам накунанд, 50 ҳектар замини кишти шолӣ дар наздикиҳои ин сарбанд бо хатар мувоҷеҳ хоҳад буд".
Фахриддин Тилавов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан сокинони Саразм тариқи ҳашар дар паи тармими сарбанд мебошанд.