Бар асари ду таркиши пайдарпайи қавӣ дар шаҳри Истанбули Туркия, шаби якшанбе дасти кам 15 нафар кушта ва 150 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар баёнияи расмии шаҳрдори Истанбул гуфта мешавад, аз миёни захмиён вазъи 15 тани онҳо ниҳоят вазнин аст. Ба қавли шоҳидони айнӣ, афроди зиёде барои кӯмак ба осебдидагони таркиши аввал шитофта ва дар натиҷаи инфиҷори дуввум маҷрӯҳ шудаанд. Муаммар Гулер - шаҳрдори Истанбул гуфт, таркишҳо дар маҳалли коргарнишини Гунгорен ба вуқӯъ пайваст. Ин таркишҳо дар фосилаи 10 дақиқа миёни ҳамдигар ба вуқӯъ пайвастаанд ва Муаммар Гулер онҳоро "ҳамлаҳои террористӣ" унвон кард.