Рӯзи шанбе бо зиёрат аз Британия ва мулоқот бо сарвазири Гордон Браун сафари хориҷии довталаби курсии президенти ИМА аз ҳизби демократ сенатор Барак Обама ба анҷом расид.
Ба қавли Обама бароиҳ алли мушкилиҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Ироқу Афғонистон равобити қавии ду тарафи уқёнуси Атлантик зарур аст.
СенаторБаракОбамаазтасмимисафарбаАвруповуХовариМиёнадифоънамуда, афзуд, ки баисёре аз мушкилиҳои дохилии Амрикоро метавон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои муттафиқ рафъ намуд.
"Ман бар ин назарам, ки бисёре аз мушкилиҳои дохилии моро бидуни ҳамкории зич бо шарикони хориҷиамон наметавон рафъ намуд. То замоне, ки вазъи Афғонистону Ироқ тағйир наёбад, мо на фақат амнияти камтар хоҳем дошт, балки ҳамчунон захираҳои зиёди мо дар он ҷо масраф хоҳанд шуд."
Обама гуфт, агар моҳи ноябр ӯ дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шавад, пешниҳод хоҳад кард, ки дар давоми 16 моҳ воҳидҳои ҷангии ИМА хоки Ироқро тарк кунанд.