Рӯзи шанбе бо ҳадафи мулоқот бо раҳбарони ИМА сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ озими Вашингтон шуд.
Сафари Гелонӣ замоне сурат мегирад, ки ИМА бо мақсади таъқиби Толибону ал-Қоида дар манотиқи наздимарзии Покистон фишор болои ҳукумати ин кишварро таҳким бахшидааст.
Вале ҳукумати Покистон борҳо такрор кардааст, ки музокиротро идома дода, ба истифода аз нерӯ танҳо дар ҳоли номуваффақ будани василаҳои дигар рӯй меорад.
Рӯзи душанбе Гелонӣ дар Қасри Сафед бо президенти ИМА Ҷорҷ Буш дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Сипас ӯ бо ноиб-президент Дик Чейнӣ ва котиби давлатӣ хонум Кондолиза Райс вомехӯрад.