Муҷозот барои кӯмак ба Муҷоҳидини Халқ

Бо ҳукми як қозии Ню-Йорк, Зайнаб Толиб-Ҷаддӣ, як шаҳрванди эронитабори Амрико, бо ҷурми пуштибонии молӣ аз созмоне, ки давлати Амрико расман созмони террористиаш шинохтааст, ба додгоҳ эҳзор хоҳад шуд.

Зайнаб Толиб-Ҷадӣ, ки ҳанӯз 2 сол пеш дар фурудгоҳи Ню-Йорк боздошт шуда буд, дар кӯмак ба созмони Муҷоҳидини Халқ, ки ба суқути Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват мекунад, муттаҳам мешавад. Толиб-Ҷаддӣ, ки ҳанӯз соли 1996 ҳаққи шаҳрвандии Амрикоро ба даст овардааст, дар сурати дайн шудани ин иттиҳомот бо 15 сол ҳукми зиндон рӯбарӯ хоҳад шуд.