Имрӯз Яап Де Ҳуп Схеффер, Дабири Кулли НАТО бо як сафари ғайриинтизор вориди Афғонистон шуд. Интизор меравад, ки ӯ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалии таъмини сулҳ дар ин кишвар мулоқот кунад.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Ғазнӣ, воқеъ дар ҷанубу ғарби Кобул амалиёти густардаи нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон алайҳи ошубгароне, ки як маркази маъмуриро ишғол кардаанд, идома дорад.