Райс хостори посухи ҷиддии Эрон шудааст

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, агар Эрон дар фурсати барояш таъйин шуда фаъолиятҳои ҳатаии худро лаҷом назанад, ба таҳримоти шадидтар рӯбарӯ хоҳад шуд.

Райс гуфт, Эрон, ки аз “шеваи тӯл додани музокирот” истифода мебурд, бояд дар зарфи 2 ҳафта ба пешниҳоди бастаи имтиёзҳо дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш “посухи ҷиддӣ” бидиҳад.

Бо вуҷуди тардидҳои паёпай аз сӯи Теҳрон, кишварҳои Ғарб тарс доранд, ки барномаҳои ҳастаии Эрон тавлиди таслиҳоти ҳастаиро ба ҳадаф доранд.