Давлати Амрико бо имзои як қарордод тааҳҳуд супурда, ки дар зарфи 5 соли оянда ба давлати Афғонистон ба маблағи 218 миллион доллар кӯмакҳои мустақими тиббӣ мерасонад.
Бар асоси ин қарордод, масъулияти тавзеъи ин кӯмакҳо комилан бар дӯши Кобул хоҳад буд.
Бархе кишварҳои кӯмакрасон дар гузашта аз ироаи кӯмакҳои мустақим ба давлати Афғонистон ба далели масоили сӯъиидорӣ ва фасод худдорӣ мекарданд.