Низомиёни Туркия дар як амалиёт дар манотиқи ҷанубу шарқи кишвар 22 мусаллаҳи Ҳизби коргарони Курдистонро аз байн бурдаанд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии Туркия, дар ин ҷо теъдоди бузурги силоҳ ва тир низ мусодира шудааст. Амалиёт дар вилояти Ширнак, воқеъ дар марз бо Ироқ баъди он шурӯъ шуд, ки ошубгарони курд дар кӯҳи Арарат се кӯҳнаварди олмониро гаравгон гирифтанд.