Барак Обама, номзади ҳизби демократи Амрико ба интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ гуфт, дар сурати президент интихоб шудани ӯ, бахши аъзами нирӯҳои Амрико то миёнаи соли 2010 аз Ироқ берун кашида хоҳанд шуд.
Аммо ӯ афзуд, ки боқимондаи ин нирӯҳо ба хотири набард алайҳи Ал-Қоида то як муддате дигар дар Ироқ хоҳанд монд.
Обама аз даъвати сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ, ки таъйини ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои Амрикоро тақозо мекунад, истиқбол кард ва гуфт, ки ӯ барои истиқрори пойгоҳҳои доимии низомии Амрико дар Ироқ талош нахоҳад варзид.