Пулиси Лаҳистон, ё худ Полша, мегӯяд, вазири пешини умури хориҷии ин кишвар Бронислав Геремек дар асари садамаи нақлиётӣ дар ҷануби Лаҳистон ҳалок шудааст.
Сухангӯи пулис дар Вилкополски гуфт, мошини “Мерседес”-и Геремек имрӯз бо як мошини дигар тасодум кардааст.
Бронислав Геремеки 76-сола дар солҳои 80 аз мушовирони аршади Лех Валенса ва ҷунбиши "Солидарност" буд, ки алайҳи давлати вақти коммунистии Лаҳистон мубориза мебурд.
Геремек дар поёни солҳои 90 тайи 4 сол вазири хориҷаи Лаҳистон ва аз соли 2004 вакили парлумони Аврупо буд.