Вазири хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд аз ветои Русия бар қатъномаи ША СММ, ки болои Зимбабве таҳримот эъмол мекард, изҳори таассуфи амиқ карда, ин иқдомро ғайри қобили фаҳм номидааст. Қудратҳои ғарбӣ ба хотири эъмоли чунин таҳримот пуштибонии 9 узви лозими Шӯрои 15-нафарии Амниятро ба даст оварданд, вале ветои Русияву Чин талошҳои онҳоро ба нокомӣ мебарад. Вазорати хориҷаи Русия дар шарҳи ин иқдом гуфтааст, таҳримоти пешниҳодии СММ ба як собиқаи хатарноке оғоз мегузошт.
Кишварҳои ғарбӣ эъмоли таҳримот бар зидди президенти Зимбабве Роберт Мугабе ва мушовирони аршади ӯро ба далели хушунатҳо ва тақаллуби натоиҷи интихоботи ахири раёсати он ҷумҳурӣ зарур медонистанд.