Эрон дар чаҳорчӯби тамринҳои “Паёмбари аъзам” мушаки дурпарвози “Шиҳоб 3”-ро озмоиш кард, ки, ба иттилоъи Теҳрон, тавони дар масофаи 2 ҳазор километр нобуд сохтани ҳадафро дорад. Озмоиши нӯҳ мушак дар қисмати биёбонии кишвар сурат гирифт. Ҳадс зада мешавад, ки ин озмоиш вокуниш ба тамринҳои низомии як ҳафта қабли Исроил аст – Тел-Авив таҳдид карда буд, ки агар Теҳрон ғанисозии ураниумро қатъ насозад, муассисаҳои ҳастаии Эронро ҳадафи ҳамла қарор хоҳад дод. Вошингтон озмоиши мушакии ахири Эронро маҳкум кард.