Порлумони Сербистон ҳукумати нави эътилофии иборат аз ҳизбҳои ғарбгароро тасдиқ кард, ки ин ҳукумат пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро ҳадафи аслии худ эълом намудааст. Ҳукумати эътилофӣ аз Ҳизби Демократии раиси ҷумҳур Борис Тадич ва Ҳизби Сотсиалистии Сербистон иборат мебошад. Ташкили ҳукумати нав ба бунбасти панҷмоҳаи ҳукумати Сербистон хотима дод, ки бинобар эъломи истиқлолияти Косово ба миён омад.