Ангела Меркел, канслери Олмон гуфт, ки сарони ҳашт кишвари пешрафтаи олам дар нишасти қарибулвуқӯъи худ дар ҳафтаи оянда феҳрасти бузурги чораҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши маводи ғизоро баррасӣ хоҳанд кард. Дар сӯҳбат бо нашрияи олмонии "Tagesspiegel am Sonntag" ӯ ташреҳ намуд, ки ин чораҳо ҳам таъмини кумаки оҷил ва ҳам стротегияи дарозмуддати афзоиши истеҳсоли маводи озуқаро дарбар мегирад.
Қарор аст, ки нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи олам – Олмон, Канада, Фаронса, Италия, Бритониё, Ҷопон, Русия ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи душанбе дар шаҳраки Тояко, воқеъ дар ҷазираи Ҳокайдои Ҷопон шурӯъ шуда ва се рӯз идома кунад.