Куштори боз як вакили порлумони Афғонистон

Бар асари сӯиқасд дар вилояти Қандаҳор вакили порлумони Афғонистон Ҳабибулло Ҷон кушта шуд. Бегаҳи дирӯз ӯ дар ҳоле мавриди тирборон қарор гирифт, ки бо мошин ба манзилаш дар волусволии Жарай мерафт.
Ҳабибулло Ҷон аз фармондеҳони муҷоҳидине буд, ки солҳои 80-уми қарни гузашта алайҳи артиши шӯравӣ дар Афғонистон меҷангиданд. Ӯ даҳумин вакили порлумони Афғонистон аст, ки тайи се соли ахир, баъд аз интихоботи порлумонӣ, ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтаанд.