Мақомоти ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ гуфтаанд, баъд аз куштори дасти кам як нафар дар як тирандозии шадид бо нерӯҳои Гурҷистон "сафарбарии умумӣ"-и нерӯҳои худро эълон кардаанд. Онҳо гуфтаанд, шаби гузашта ҳангоме, ки нируҳои гурҷӣ Цхинвалӣ-маркази Осетияи Ҷанубӣ ва ду деҳи атрофи онро бомборон карданд, даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти расмии Гурҷистон дар ин тирандозиҳо нируҳои ҷудоихоҳро гунаҳгор донистаанд ва гуфтаанд, ҷудоихоҳон ба як посгоҳи гурҷиҳо ва ба чанд деҳ ҳамла бурдаанд.