Дар Байтулмуқаддас 3 нафар кушта шуд

Имрӯз дар Байтулмуқаддас булдозере ба як автобуси мусофирбар ва чанд мошин бархӯрд карда дар натиҷа дасти кам 3 нафарро кушта ва беш аз 40 тани дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Полис ҳодисаи мазкурро чун як ҳамлаи террористӣ арзёбӣ кард.

"Як террористе дохили трактор аз кӯчаи Ҷаффа аз паси ман ба самти кӯчаи асосӣ ҳаракат кард. Вай ҳама чизеро, ки дар пешу атрофаш буд, пахш карда гузашт. Баъд ба автобус ва чанд мошине бархӯрд ва ҳамаро хароб кард".

Чанд нафар ба ҷониби булдозер оташ кушоданд ва аммо худи ронанда аз тири туфанги полис ҷон дод. Гузоришҳои тасдиқношуда мегӯяд, ки ронанда марди фаластиние аз шарқи Байтулмуқаддас будааст, ки дар гузашта даст ба ҷиноят задааст. Ҳодисаи мазкур дар як маҳаллаи серодами маркази шаҳр рӯй дод.