Абулфазл Зуҳриванд, сафири Эрон дар Италия гуфт, ки алайҳи Маҳмуди Аҳмадинажод зимни сафари ахираш ба Рим сӯиқасд бо истифода аз маводи радиоактив тарҳрезӣ шуда буд. Хабаргузории расмии ИРНО бо такя ба изҳороти дипломати воломақом навиштааст, раисиҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид вориди пойтахти Италия шуда буд, бояд мавриди ҳамла бо истифода аз нурҳои шадиди рентгенӣ қарор мегирифт. Тафсилоти бештар дар ин бора ҳанӯз зери даст нест. Чанде пеш худи Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор карда буд, ки зимни сафараш ба Ироқ алайҳи ӯ сӯиқасд тарҳрезӣ шуда буд.