Аша Роуз Мигиро, Муовини Дабири Кулли СММ имрӯз аз кишварҳои африқоӣ даъват кард, ки дар роҳи берун рафтан аз бӯҳрони сиёсӣ дар Зимбабве ва шурӯъи музокироти раисиҷумҳур Роберт Мугабе бо мухолифин саҳм бигиранд. Изҳороти хонум Мигиро дар нишасти сарони Иттиҳодияи Африқо садо дод, ки имрӯз дар фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайхи Миср шурӯъ шуд. Дар ин нишаст раиси ҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе низ ширкат дорад, ки дирӯз баъди эълони натоиҷи интихоботи президентӣ ба ҳайси сарвари кишвар савганд ёд кард. Дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳур Мугабе номзади ягона буд – рақиби аслии ӯ Морган Свангирай бо далели таъқибу фишори ҷонибдоронаш аз идомаи сабқат даст кашид.
Хабаргузориҳо менависанд, ки дар тарҳи эъломияи ин нишаст даври дувуми интихобот ва худи Мугабе мавриди танқид қарор нагирифтаанд ва аммо хушунат дар кишвар маҳкум ва ҷонибҳо ба гуфтушунид даъват шудаанд.