Шӯрои Амнияти СММ аз тасмими Зимбабве дар мавриди баргузори интихоботи такрории раёсати ҷумҳурии рӯзи ҷумъа изҳори таассуф кард. Шӯрои Амният гуфтааст, дар ин кишвар шароит барои баргузории интихоботи озоду одилона вуҷуд надорад. Аз ин изҳорот ҳамаи 15 узви кунунии шӯуро ҷонибдорӣ карданд. Аммо онҳо натавонистанд, интихоботи Зимбабверо ғайриқонунӣ эълон кунанд, зеро намояндаи Африқои Ҷанубӣ ба он мухолифат нишон дод. Президент Роберт Мугобе худро барандаи интихобот эълон кардааст, дар ҳоле, ки рақиби вай Морган Тсвангирай-барандаи даври аввали интихобот номзадии худро фаро хонд ва интихоботи хушунатомезро бойкот кард.