Фаластин 242 миллион доллар кумак мегирад

Дипломатҳо мегӯянд, конфронси байналмиллалии Берлин роҷеъ ба Фаластин қавл додааст, ки барои омӯзиш додани полис ва беҳбуди низоми додгоҳӣ ба Фаластин 242 миллион доллар кӯмак мекунад. Ин маблағ хеле бештар аз 189 миллион долларест, ки Салом Файёд-нахуствазири Фаластин дар ин конфронс дархост карда буд. Кондолиза Райс-вазири умури хориҷии Амрико гуфт, барои рафъи бӯҳрон набояд мунтазири вақти муносиб нишаст: "Ҳамеша суоле пеш меояд, ки оё вақт барои коре дар Ховари Миёна муносиб аст? Вазъ печида нест? Посухи ман ҳамеша ин аст: Кай вазъ дар Ховари Миёна печида набуд? Воқеъан, агар мо мунтазири вақти ором нишинем, ҳеҷ гоҳ ба иҷрои коре дар Ховари Миёна даст намеёбем".
Баъз аз ин конфронс чаҳоргонаи Ховари Миёна, яъне Амрикову Иттиҳоди Аврупо ва Русияву СММ роҷеъ ба Фаластин ба машварат менишинанд.