Имруз дар натиҷае инфиҷоре дар шурои шаҳраки шиъанишини Садри Бағдод-пойтахти Ироқ чаҳор шаҳрванди Амрико ва дастикам шаш ироқӣ кушта шуданд. Мақомоти расмии Амрико мегуянд, ду нафар аз шаҳрвандони кушташудаи онҳо ғайринизомиёни истихдомшуда аз суи ҳукумат ва ду нафари дигар сарбоз будаанд. Низомиёни амрикоӣ дар ин табаҳкорӣ тундравҳои шиъаро муттаҳам кардаанд.