Маҷмаъи Порламонии Шурои Аврупо амиқан изҳори нигаронӣ кардааст ва гуфтааст, вазъи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳоли бадтар шудан аст. Дар қатъномае, ки имруз ба тасвиб расид, Маҷмаъи порлумонӣ ба чанд тадбири фаврӣ ишора кардааст, ки бояд то интихоботи 15-уми октябри раёсати ҷумҳурӣ анҷом гирад. Ин маҷмаъ ҳамчунин тақозо кардааст, ки се рӯзноманигори мухолиф ва панҷ зиндонии дигари сиёсӣ фавран раҳо шаванд.