"Муҷоҳидини халқ" дар Бритониё эътироф шуд

Бритониё як гуруҳи мухолифони Эронро аз феҳристи гуруҳҳои террористии худ хат зад. Бо вуҷуди ин Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гуруҳро ҳамчунон гуруҳи террористӣ мешиносанд. Ин гуруҳи Муҷоҳидини халқ аст, ки ҳафт сол барои эътироф шудан дар Бритониё маъракаҳое анҷом дод. Саранҷом ниҳодҳои қонунбарор тасмими додгоҳи таҷдиди назарро таъйид карданд. Додгоҳи таҷдиди назар моҳи май тасмим гирифт, ки Муҷоҳидини халқи Эрон дигар гуруҳи мамнуъ маҳсуб намешавад. Ин тасмим ба Муҷоҳидини халқ иҷоза медиҳад, ки онҳо дар Бритониё сармоя дошта бошанд ва фаъолияти худро пеш баранд.