Дар як гузорише, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии паноҳандагон ба табъ расид, Чин, Ҳиндустон, Малайзия, Тайланд ва Бангладеш бузургтарин поймолкунандагони ҳуқуқи паноҳандагон унвон гирифтаанд. Гузориши солона бахшида ба вазъи паноҳандагони саросари олам дирӯз дар Вашингтон интишор шуд. Дар байни кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи паноҳандагон дар соли 2007-ум Русия ва Ироқ низ шомил ҳастанд.
Пажӯҳишро як созмони ғайридавлатии ИМА бо номи Кумитаи амрикоии паноҳандагону муҳоҷирон таҳия кардааст. Дар гузориш гуфта мешавад6 ки соли 2007-ум шумораи умумии паноҳандагони саросари олам ба 14 миллион нафар расид.