Нирӯҳои ироқӣ барои шурӯи ҳуҷуми густардае зидди ҷангиёни шиамазҳаб дар шаҳри ҷанубии Амара омодагӣ мебинанд. Ройтерс мегӯяд, ки зиреҳпӯшҳои низомии артиши Ироқ дар нуқоти мухталифи ин шаҳр, ки дар 300-километрии ҷанубушарқи Бағдод ҷойгир аст, мустақар шудаанд. Рӯзи шанбе нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ ба ҷангиёни вилояти Майсон чаҳор рӯз мӯҳлат дода, таҳдид кард, ки таслим шуда силоҳҳоро замин гузоранд. Мӯҳлати ултиматуми Моликӣ нимашаб ба анҷом расид. Майсонро чун вилояти ғанӣ аз нафт аммо хеле қашшоқ ёд мекунанд. Инчунин ин маҳалли таҷаммӯи қочоқбарони силоҳ аст, ки аз Эрони ҳамсоя ворид мешаванд.