Вазири мудофиаи Британия Дес Браун гуфт, ки ин кишвар 230 сарбози тозанафасро ба Афғонистон мефиристад. Ҳамин тариқ дар ибтидои соли 2009-ум шумораи сарбозони британиявии мустақар дар Афғонистон ба тахминан 8030 нафар баробар хоҳад шуд. Аксари сарбозони Британия дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ҷойгир шудаанд.