Нахуствазири Канада расман аз мардуми бумии кишвараш маъзарат хост, ки дар тӯли беш аз як қарн атфоли онҳо дар мактабҳои миёна мавриди азияту озор қарор гирифтаанд. Зимни суханрониаш дар баробари парлумони кишвар Стефан Ҳарпер гуфт, ки сиёсати яксозӣ ё ассимилятсияи мардуми бумӣ як иштибоҳ буд ва дар таърихи Канада чун як марҳилаи ғамгин ёд мешавад. Шурӯъ аз асри 19 то солҳои 1970-уми қарни гузашта, ҳудудан 150 ҳазор фарзандони мардуми бумии Канада иҷборан барои таҳсил ба мактабҳои давлатии масеҳиён фиристода шуданд ва инро чун ҷузве аз барномаи ҳамоиши кӯдакон ба ҷомеаи масеҳиён ёд мекарданд. Аммо тибқи гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи башар, аксри ин атфол мавриди азияту озори ҷисмониву ҷинсӣ қарор гирифтаанд.