Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ бо ҳадафи музокирот бо раҳбарони Эрон ба Теҳрон сафар кард. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин музокирот иттиҳоми дастгирии Эрон аз гурӯҳҳои ҷангҷӯи мусулмонони шиамазҳаби Ироқ баҳс хоҳад шуд. Ҳамчунон аз эҳтимол дур нест, ки ҷонибҳо имкони идомаи музокироти таъмини амнияти дарозмуддат миёни ИМА ва Ироқро арзёбӣ кунанд.
Бар пояи ин мувофиқат ИМА имкон хоҳад дошт, ки сарбозонашро баъди интиҳои ваколати СММ низ дар Ироқ нигаҳ дорад.
Рӯзи ҷумъа ҳазорҳо пайрави рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо ас-Садр дар гирдиҳамоии эътирозӣ бар зидди ҳузури дарозмуддати ИМА дар Ироқ ширкат варзиданд.