Раиси демократҳо иваз шуд

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Искадаров) дар Хоруғ конфронс баргузор намуд. Узви садорати марказии ҳизб Саид Шарифов изҳор дошт, ки дар ин конфронси навбатии ҳизб вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар ва минтақа баррасӣ шуда, раиси нави бахши вилоятии ҳизби демократ интихоб шудааст.

Ба гуфтаи Саид Шарифов, норизоият аз мавқеъи садорати Ҳизби демократии Тоҷикистон дар минтақа, ки дар бархе аз маворид дар ростои амалкарди мақомот мавқеъи муросокорона доштааст, ниёз ба ворид намудани шахсияти нави ҳизбиро ба майдони талошҳои сиёсӣ ба вуҷуд овардааст. Ваё баён дошт, ки ба назари онҳо, бахши вилоятии Ҳизби демократии Тоҷикистон зимни ширкат дар маъракаҳои сиёсӣ имконоташро пурра истифода набурдааст. Узви садорати марказии ҳизб гуфт, ки аммо собиқ раиси ҳизб дар минтақа узви садорати вилоятии ҳизб боқӣ мемонад.

Иқбол Муборакшоев, раиси навинтихобшудаи ҲДТ дар Бадахшон изҳор дошт, ки қабл аз ҳама барои муттаҳид намудани аъзо ва гурӯҳҳои парокандаи ҲД дар минтақа талош меварзад.

Иқбол Муборакшоев, собиқ сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳр, қаблан, ба ҳайси узви Шӯрои сиёсии собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин фаъолият доштааст.

Дар ҳамин ҳол, собиқ раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар Бадахшон Марод Мирасанов изҳор дошт, ки вай баргузории конфронсро ғайриқонунӣ шумурда дар он ширкат наварзидааст.

Аммо узви садорати марказии ҳизб гуфт, ки онҳо дар чаҳорчуби қонун рафтор намуда, қаблан дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Хоруғ ва сипас конфронси вилоятии ҳизбро дар маркази вилоят баргузор карданд.