Қимати нафт 127 доллар аст

Рӯзи панҷшанбе қимати нафт барои чанд соат ба рекорди нави худ баробар шуд ва аз марзи 128 доллар гузашт. Ва дар охири рӯз боз ба сатҳи 127 доллар барои як бушка нафт баргашт. Чунин таҳаввулот ба поинравии навбатии қимати доллари амрикойӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сабаб мешавад, мегӯянд таҳлилгарон.