Қарор аст имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мулоқоти ғайрирасмии раисони ҷамоҳири Кишварҳои Ҳамсуд баргузор шавад. Ин мулоқот дар чаҳорчӯби 12-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Петурбург доир хоҳад шуд. Хабарҳо ҳокист, ки сарварони ин кишварҳо дар мавриди Стратегияи рушди иқтисодии Кишварҳои ҳамсуд то соли 2020 , масоили башаррӣ, роҳҳои тараққиёти Кишварҳои Ҳамсуд ва масоили дигар аз ҷумла омодагӣ ба саммити навбатии СНГ,ки қарор аст дар 26 сентябр дар Бишкек баргузор шавад табодули назар хоҳанд кард. Қарор аст дар кори ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷкистон субҳи ҳам ширкат кунад. Бар пояи ахбори расида дар ин ҳамоиш мулоқоти танҳо ба танҳои Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳурии Русия бо президентони дигар кишварҳо ба истиснои Нурсултон Назарбоев, ки бо ӯ чунин мулоқотро ҳафтаи гузашта дар Остона доир кардааст дар назар дошта шудааст. Ин нӯҳумин нишасти ғайрирасмии сарони Кишварҳои Муштаркулманофеъ аст ва нахустини он дар шаҳри Ялта дар моҳи августи 2000 сурат гирифта буд