Холид Шайх Муҳаммад, ки бовар меравад, аз тарроҳони ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 бошад, имрӯз дар оғози мурофиаи ӯву 4 шарикаш аз сӯи як додгоҳи низомии Амрико дар боздоштгоҳи Гуантанамо гуфт, мехоҳад ӯро ба қатл маҳкум кунанд, то ки “шаҳид” шавад.
Шайх Муҳаммад аз замони боздошташ дар Покистон дар соли 2003 имрӯз бори аввал дар мазҳари омм эҳзор шуд.
Пентагон, вазорати дифоъи Амрико бо нашри як айбнома, Шайх Муҳаммади покистониро дар таҳияи ҳамлаҳои 11 сентябр ва ҳудуди 30 ҳамлаи дигари террористӣ алайҳи Ғарб дар 10 соли охир айбдор кардааст. Дар сурати дар додгоҳ дайн шудани ин иттиҳомот ба Шайх Муҳаммад ва 4 тан аз шарикони низ имрӯз ба додгоҳ эҳзоршудааш ҳукми эъдом таҳдид мекунад.