Адмирал Майк муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, дар поёни боздидаш аз Покистон гуфт, артиши ин кишвар алайҳи терроризм ҷасурона меҷангад ва Амрико омода ҳаст, дар ин роҳ ба онҳо ҳамдастӣ кунад. Баҳси талошҳои муштараки Амрикову Покистон бар зидди Толибон ва Ал-Қоида ҳадафи аслии сафари адмирал Муллен ба Покистон буд.
Адмирал бо тавсиф аз пешрафтҳои бадастомада дар амри таъмини назм дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон гуфт, ҳанӯз кори зиёде дар пеш боқӣ мемонад ва Амрико омода ҳаст, дар амри омӯзиш ва таъмини артиши Покистон бо таҷҳизот кӯмак кунад.