Имрӯз дар Рум раҳбарони ҷаҳон ба як нишасти серӯза бо ҳадафи баррасии масъалаи болоравии қимати ғизо гирди ҳам меоянд. Нишасти мазкур дар шароите баргузор мешавад, ки тибқи нишондодҳои охир, дар миёни солҳои 2005 то 2007 қимати ғаллаву дигар маводи аслии ғизо ду баробар афзоиш ёфтааст. Чунин вазъ нигарониҳоро аз адами кифояти ғизо барои бахши нодори сайёра пеш овардааст. Дар нишасте, ки бо талоши Дафтари ғизои СММ ташкил мешавад, мақомоти СММ ва 40 раҳбари ҷаҳонӣ иштирок хоҳанд кард.