Раҳбари Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, ки ҳайати нозирони таслиҳотии ин оҷонс моҳи ҷорӣ барои таҳқиқи иттиҳомоти ИМА, ки гуфтааст, Димишқ ба таври махфӣ як реактори ҳастаиро бунёд мекунад, вориди Сурия мешаванд. Аммо бо ин вуҷуд, оқои Ал-Бародайӣ нагуфт, ки оё Сурия иҷоза хоҳад дод, ки нозирони ин оҷонс аз маҳалле бо номи Ал-Кибар дидан кунанд ё на. Ин сохтмон сентябри соли гузашта аз ҷониби нирӯҳои ҳавоии Исроил хароб карда шуд. ИМА аз Сурия тақозо кардааст, ки бо Оҷонси энержии ҳастаии СММ ба таври ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад, то як гузориши қобили эътибор ба даст ояд.