Гурҷистон хуруҷи фаврии неруҳои роҳи оҳан ва гурӯҳи иловагии посдорони сулҳи Русия аз Абхазистонро талаб кард. Эка Ткешелашвилӣ, вазири хориҷаи Гурҷистон эълом дошт, ки дар сурати иҷро нашудани ин зарбулаҷал вокуниши Тифлис “шадид” хоҳад буд. Вазъи Абхазистон имрӯз дар нишасти Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон таҳти раёсати раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ баррасӣ шуд.
Чанд рӯз пеш Маскав гурӯҳи низомиён аз неруҳои роҳи оҳани худро ба Абхазистон фиристод, то як қитъаи бузурги роҳи оҳан ва купруку роҳҳои ин минтақаи ҷудоихоҳро таъмиру тармим кунанд. Аз ин пеш Русия теъдоди неруҳои посдори сулҳи кишвар дар Абхазистонро то 3 ҳазор нафар афзоиш дода буд.