Вазири нафти Ироқ гуфт, ки кишвари вай мизони истихроҷ ва содироти нафтро то ба нишондодҳои нави рекордӣ баъди соли 2003 боло бурдааст. Ҳусейналии Шаҳристонӣ гуфт, ки барои нахустин бор Ироқ рӯзона 2,5 миллион бушка нафт тавлид карда, 2 миллион бушка нафтро дар рӯз ба фурӯш медиҳад.