То поёни интихоботи Гурҷистон 2 соат мондааст

Дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ идома дорад.

Ҳудуди 3,5 миллион мардуми воҷиди шароити раъй имрӯз 150 вакили парлумони кишварро интихоб хоҳанд кард.

Дар интихобот 12 ҳизбу эътилоф ширкат мекунанд, вале бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти курсиҳоро ғолибан ҳизби президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили хоҳад бурд.

Аммо аҳзоби мухолиф мақомоти Гурҷистонро дар қасди тақаллуби интихобот айбдор карда, изҳор доштанд, ки дар чунин сурат даст ба эътироз хоҳанд зад.

Кристиан Строҳал, мудири дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА имрӯз дар як ҳавзаи раъйдиҳӣ дар Тифлис гуфт: “Ба фикри ман, мардуми гурҷӣ чандин бор тааҳҳуди худ ба интихоботи демократиро рӯшан намоиш доданд. Ман мӯътақидам, ки ин ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт.”

Интихоботи парлумонӣ дар Гурҷистон дар пасманзари танишҳои шадиди байни Тифлису Маскав бар сари пуштибонии Русия аз минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ доир мешаванд.

Дар рӯзи интихобот дар марзи маъмурӣ бо Абхозистон байни нирӯҳои гурҷӣ ва ҷудоиталабони абхоз як даргирии сангин рух дод. Гурҷистон мегӯяд, нирӯҳои абхоз алайҳи сокинони гурҷии дараи Галӣ, ки ба хотири раъйдиҳӣ дар интихобот аз марз убур мекарданд, оташ кушодаанд. Тифлис мегӯяд, дасти кам 2 нафар захмӣ шуда ва ду автобусе, ки бояд мардумро ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мерасонданд, тахриб шудаанд.