Шумораи собити қурбониҳои заминларза дар Чин ба 40 000 нафар баробар шуд. Мақомоти Чин мегӯянд, шумораи қурбониҳо аз зилзила дар вилояти Сичуани ин кишвар эҳтимол бештар шавад. Мақомот саъй доранд, ба тахминан 5 миллион мардуми бар асари зилзилаи 12-уми май бе хонаву ҷой монда паноҳгоҳ пайдо намоянд. Имрӯз баъди эълони эҳтимоли такрори зилзила сокинони манотиқи офатзада хонаҳояшонро тарк карданд. Дар як ҳафтаи баъди зилзилаи бузург дар Сичуан боз 20 такони замин ба қайд гирифта шуд. Наздик ба 70000 нафар дар натиҷаи зилзилаи Сичуан ҳалок шудаанд, зери харобот мондаанд ва ё бе ному нишон мебошанд.